Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» шуъбаи сайёҳӣ ташкил гардид

Март 30, 2019 11:33

ХУҶАНД, 30.03.2019. /АМИТ«Ховар»/.  Давоми се моҳи аввали соли 2019 аз Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд», ки аз «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд», «Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов» ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ»  иборат аст, 10 ҳазору 870 нафар сайёҳони дохиливу хориҷӣ  дидан намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маъмурияти Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иттилоъ доданд, роҳбарият ва кормандони муассиса баҳри дар Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бештар ҷалб намудани сайёҳони хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода мебаранд.

Дар ин замина аз ҷониби ҷомеаи меҳнатии муассиса дар раванди вусъати корҳои ободониву сарсабз гардонидани ҳудуди мавзеи Маҷмаа, инчунин дар самти муаррифии ин мавзеъи таърихӣ ва бозёфтҳои нодири осорхонаву қалъаи он, бо мақсади муаррифии мавзеъҳои таърихӣ ва ҷалби шумораи бештари сайёҳони дохил ва хориҷи мамлакат шуъбаи нав – сайёҳӣ ташкил гардид.

Ин шуъба имрӯзҳо бо якчанд ширкатҳои бонуфузи сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла “Ориент Эдвантур”, “Панҷакент Интур”, “Хуҷанд Помир Тревел”, Ассотсиатсияи тараққиёти Зарафшон ва “Тоҷикистон Тревел” ҳамкории судманд дорад. Инчунин давоми се моҳи аввали соли равон 580 адад сайри илмӣ гузаронида шуда, теъдоди тамошобинони ба ин гуна сайр фарогирифта 3451 нафар ташкил дод. Беш аз 320 нафар меҳмонон аз давлатҳои ИДМ ва хориҷи дур мебошанд.

Ҳамчунин тибқи иттилои масъулин, имрӯзҳо Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” ба мавзеи диққатҷалбкунанда табдил ёфтааст. Танҳо давоми соли сипаригашта аз ҳудуди он беш аз 64 ҳазор нафар бошандагону истироҳаткунандагон дидан намуданд.

Бояд зикр кард, ки МД Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» яке аз мавзеъҳои хушманзару диққатҷалбкунандаи сайёҳии шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он на танҳо барои рушди илму фарҳанг, балки равнақи соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ низ мусоидат мекунад.

Март 30, 2019 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар нуҳ моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон беш аз 1,5 миллион сайёҳ ташриф оварданд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид