Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд тантанаҳои наврӯзӣ идома доранд

Март 21, 2019 10:16

ХУҶАНД, 21.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳуриамон тантанаҳои идонаи наврӯзӣ ҷараён доранд. Мардуми соҳибистиқлоли мамлакатамон  иди хуҷастапайи Наврӯзи байналмилалиро дар фазои сулҳу ваҳдат пуршукӯҳ таҷлил менамоянд. Дар ин радиф ҷамоату шаҳракҳои ноҳияи овозадори вилояти Суғд – Бобоҷон Ғафуров низ намои идона гирифтаанд.

Бино ба иттилои хабарнигори АМИТ «Ховар», рӯзи сеюм аст, ки  тибқи нақшаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳамаи 13 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия тантанаҳои наврӯзӣ ҷараён доранд.

Аз ҷумла, дирӯз дар яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия -Исфисор, дар маҳаллаи Ҳафт ганҷ бо иштироки раиси ноҳия Зариф Назирӣ иди байналмилалии Наврӯз  дар сатҳи баланд таҷлил гардид.

Дар ин рӯз яке аз кӯчаҳои марказии маҳалла идона оро дода шуда, намоиши хаймаҳои  наврӯзӣ, анъанаҳои аҷдодии ниёгон ва савту навои идона ба чорабинӣ шукӯҳи тоза зам намуданд.

Раиси ноҳия зимни иштирок дар намоиши идона мардуми ҷамоат ва ноҳияро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуда, аз ҷумла гуфт:

«Мояи хушнудӣ  ва  сарфарозии  ҳамаи  мост,  ки  ҷашни  деринаи  ниёгони  мо -Наврӯзи  хуҷастапай  бо  пешниҳоди  Ҳукумати   Тоҷикистон  дар  саросари  ҷаҳон шуҳратёб гардид. Он чун  иди  байналмилалӣ  эътироф  гардида, бо  шукӯҳу  шаҳомати  хосса  таҷлил  мегардад. Наврӯз  чун  рамзи сулҳу  оромӣ,  пиндор,  гуфтору  кирдори  нек  ва  дӯстиву  ҳамёрии халқҳо  моро  ба  сӯи  рӯзгори  бехушунат,  сулҳу  субот  ва  кӯшиш  барои  зиндагии  орому  осуда  раҳнамоӣ  мекунад».

Ҳамзамон бо мақсади қадрдонӣ намудани хизматҳои шаҳрвандоне, ки дар рушду нумӯи кишвар саҳми арзанда гузоштаанд, дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар вазъияти тантанавӣ ба 13 нафар шахсони барӯмани ноҳия кумакпулии яквақтаи  раиси вилояти Суғд супорида шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки имсол ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мизбони тантанаҳои асосии вилоятии Иди байналмилалии Наврӯз буда, он имрӯз, 21 март дар Муассисаи давлатии “Қасри маданияти Арбоб”-и ноҳия баргузор мегардад.

 

Март 21, 2019 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд