Дар ноҳияи Рӯдакӣ фестивал-озмуни «Ҷавондухтарони ҳунарманд» баргузор гардид

Март 5, 2019 09:33

ДУШАНБЕ, 05.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Мактаби мусиқии кӯдаконаи ноҳияи Рӯдакӣ фестивал-озмун таҳти унвони «Ҷавондухтарони ҳунарманд» баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар фестивал-озмун донишҷӯёни ду муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ-Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи Партов Бӯйдоқов ва Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳия миёни ҳам қувва озмуданд.

Фестивал-озмун бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ба ифтихори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Рӯзи Модар ва дар доираи тадбирҳои ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ доир гардид.

Дар фестивал-озмун аъзои ҳакамон, ки аз намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиши ноҳия иборат буданд, ба ҳунарҳои тайёр кардани хӯриш, парпеч намудани кӯдак, видеороликҳо аз маҳорати кадбонугӣ ва хондани суруди аллаи иштирокчиён баҳо гузоштанд.

Тибқи баҳогузории ҳакамон донишҷӯёни Коллеҷи фарҳанг холҳои бештар ба даст оварда, ғолиби фестивал-озмун гардиданд. Дар охир ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Март 5, 2019 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд