Дар ноҳияи Рӯдакӣ соҳилҳои дарёи Элокро мустаҳкам намуданд
РӮДАКӢ, 09.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ аз тарафи ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия нуқтаҳои пурхавфи сар задани офатҳои табиӣ дар дарёи Элок муайян гардида, дар деҳаҳои Адолат, Комсомол ва Шафақ корҳои мустаҳкамкунии соҳил ба субот расонида шуданд. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба ҷараёни корҳои мустаҳкамкунии соҳили дарё 3 адад эксковатори Хундай ва 6 адад заминковак ҷалб гардида, зиёда аз 1100 метр маҷрои дарё аз шағал тоза ва дарё васеъ карда шуд.
Бояд гуфт, ки соли 2016 дар натиҷаи бориши зиёди борон ва омадани сел аз дарёчаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод ва дарёи Элок ба хоҷагии мардуми ноҳия зарари зиёди молӣ расид. Аз ин хотир ҳамасола дар ин минтақа корҳои мустаҳкамкунии соҳил гузаронида мешаванд, то хонаҳои сокинон зарар набинанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






