Дар вилояти Хатлон бо соҳибкорон мулоқот баргузор гардид
БОХТАР, 06.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон- шаҳри Бохтар мулоқоти Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода ва муовини Раиси вилояти Хатлон Раҷабалӣ Раҷабов бо соҳибкорон баргузор гардид.
Тавре раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷ. Ҷумъахонзода иброз намуд, вохӯрии мазкур бо мақсади дастгирии соҳибкорон ва баррасии ҳамкорӣ барпо гардида, дар он ҳозирин оид ба камбудиҳои ҷойдошта дар соҳаи соҳибкорӣ сухан гуфтанд.
Дар ҳамоиш зикр шуд, ки бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ” эълон гардиданд. Дар ин раванд як зумра тағйироти назаррас ба амал омада, ҷиҳати фаъолияти минбаъдаи соҳибкорон шароити хуб муҳайё гардидааст.
Зимни вохӯрӣ соҳибкорони вилоят ба Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси вилояти Хатлон саволу таклифҳо пешниҳод карда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






