Дар вилояти Суғд озмуни китобхонаи намунавӣ доир карда мешавад

Март 5, 2019 08:32

ДУШАНБЕ, 05.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Тавре пештар хабар додем, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2019 таҳти сарпарастии Пешвои миллат миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа зери унвони «Фурӯғи субҳи доноӣ…» озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор карда мешавад. Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…»  бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷўёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир мегардад.

Дар робита ба ин ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  миёни  китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмуни вилоятии «Китобхонаи намунавӣ дар соли 2019» доир карда мешавад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, мақсад аз роҳандозии озмуни мазкур- ин дуруст ба роҳ мондани фаъолияти  китобхонаҳои марказӣ, китобхона-филиалҳо, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассуси китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон ва  муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ мебошад.

Барандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2019» бо 12 ҳазор  сомонӣ қадрдонӣ карда шуда, соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун мутаносибан бо 10, 8, ва 6   ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Ёдовар бояд шуд, ки  дар вилоят соли гузашта низ  чунин озмун баргузор шуда,  дар он китобхонаи марказии шаҳри Исфара, китобхона-филиали №2 деҳаи Ғўлакандози Ҷаббор Расулов, китобхона-филиали №20 деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ ғолиб омада буданд.

Март 5, 2019 08:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд