ДАСТИ ДУОИ МОДАР. Занони собиқадори шаҳри Хуҷанд аёдат карда шуданд

Март 8, 2019 16:06

ХУҶАНД, 08.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи Модар аз ҷониби  Раиси шаҳри  Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода чанд нафар занон, бонувони собиқадори арсаи сиёсат, маориф, саноат ва иҷтимоиёт аёдат карда шуданд.

Бино ба иттилои масъулини мақомоти маҳалии шаҳр, Маъруф Муҳаммадзода аз ҷумла, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Биҳоҷал Раҳимова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат Ҳамроҳхон Тоҳироваи 95-сола, собиқадори меҳнат, зани 101-сола Биазиз Гулматова, собиқадори соҳаи маориф Мушарраф Юнусова, бонуи серфарзанд Санавбар Бобоҷонова ва чанд нафари дигарро аёдат намуда, онҳоро бо иди занону модарон табрик намуд.

Зикр шуд, ки имрӯзҳо занону модарони тоҷик бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ бобати тарбияи насли наврас ва рукнҳои асосии оиладорӣ, ба низом даровардани расму оинҳои халқӣ,  пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ ва ободии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд.

Дар навбати худ аёдатшудагон аз таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлату ҳукумат ёдовар гашта, миннатдории худро баён намуданд. Модарон шукронаи нозу неъмат ва амну осиштагии кишвар намуда, баҳри оромиву осоиштагии ҷумҳурӣ ва шукуфоиву пешравии он даст ба дуо бардоштанд.

 

Март 8, 2019 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад