Душанбе мизбони Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор» мегардад

Март 27, 2019 09:15

ДУШАНБЕ, 27.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор»  28 март дар пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе оғоз ёфта, дар он молистеҳсолкунандагони ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро ба намоиш мегузоранд.

Бояд тазаккур дод, ки  Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон -2019. Баҳор»  бо ибтикори Палатаи савдо ва  саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт гузаронида мешавад.

Намоишгоҳи байналмилалӣ дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ доман густурда, ҳадафаш  муаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои  тавлидотии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя, рушди иқтисод дар мамлакат арзёбӣ мегардад.

Интизор меравад, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019. Баҳор»  корхонаю ширкатҳои молистеҳсолкунандаи  ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро  дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимиё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика,  технология ва хизматрасонии бонкӣ, маснуоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр,  сайру саёҳат  ва ҳунармандӣ ба намоиш гузоранд.

Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон -2019.Баҳор» намоишгоҳи анъанавӣ маҳсуб ёфта,  он ҳамасола дар шаҳри Душанбе гузаронида мешавад.

Дар доираи баргузории намоишгоҳ бизнес-форум бо иштироки доираҳои соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар назар дошта шудааст.

Март 27, 2019 09:15

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст