ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода бо кӯдакони ятим Наврӯзи байналмилалиро ҷашн гирифт

Март 20, 2019 14:05

ТУРСУНЗОДА, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода дар Хонаи кӯдакони шаҳр бо иштироки 102 нафар ятим ва омӯзгорон  Наврӯзи байналмилалӣ таҷлил гардид.

Тибқи иттилои директори муассисаи мазкур Рухсора  Ғафурова, бо ташаббуси  роҳбарияти ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода дар ин ҷашни бошукӯҳ барои хурсанд намудани кӯдакони ятим дастархони идона ороста шуд ва барои онҳо хӯрокҳои миллӣ омода гардид. Ҳамчунин дастаҳои ҳаваскорон баҳри онҳо ҳунарнамоӣ карданд.

Раиси ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Моистон Азизова гуфт, ки вазифаи инсонии ҳар як фард аст, ки дар арафаи ҷашнҳо, хосса  иди Наврӯз ба хонаи ятимон омада, онҳоро табрик намоянд.

Хушбахтона, кӯдакони ятими ин муассиса зери назорати ҳамешагии роҳбарияти шаҳр қарор доранд.

Имрӯзҳо бахшида ба 30 -солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр бинои муассисаи таълимӣ барои кӯдакони ятим сохта шуда истодааст, ки ояндаи наздик ба истифода дода мешавад.

Март 20, 2019 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд