Идигул Қосимзода дар иҷлосияи 63-юми Комисссияи СММ оид ба мақоми занон дар шаҳри Ню-Йорк иштирок намуд

Март 20, 2019 16:20

ДУШАНБЕ, 20.03.2019./АМИТ «Ховар»/. 14 марти соли равон Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Идигул Қосимзода дар иҷлосияи 63-юми Комисссия оид ба мақоми занон, ки дар қароргоҳи СММ дар шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар суханронии худ Раиси Кумита изҳор дошт, ки Тоҷикистон шурӯъ аз рӯзҳои аввали ба даст овардани иқтиқлолият талоши истифода намудани иқтидори бузурги занонро барои рушди устувори кишвар дорад.

Бар замми ин Роҳбари ҳайати Тоҷикистон иштирокдоронро бо дастовардҳои ҷумҳурӣ дар татбиқи сиёсати гендерӣ, ки масъалаҳои таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои занону духтаронро фаро мегиранд, аз ҷумла бо амалисозии Стратегияи миллӣ барои афзудани нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020 шинос кард.

И. Қосимзода инчунин иброз намуд, ки Тоҷикистон чун ташаббускори қатъномаҳои муҳими “обӣ”-и Маҷмаи Умумии СММ масъалаҳои марбут ба обро фаъолона ба сатҳи умумибашарӣ пешбарӣ менамояд. Дар онҳо баробарии гендерӣ ва иштироки занон дар ин раванд мавқеи хос дорад.

Март 20, 2019 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишкадаи Diplomun Institute бо фаъолияти Намояндагии доимии Тоҷикистон дар Женева шинос шуданд
Сафири Тоҷикистон ба вазири корҳои хориҷии Алҷазоир нусхаи эътимоднома супорид
Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
Имконоти сармоягузорӣ, тиҷорат ва соҳибкории Тоҷикистон дар расонаҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ муаррифӣ гардиданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири фарҳанг, варзиш ва ҷавонони Умон вохӯрӣ намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Миср дар соҳаи технологияи рақамӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Кувайт мулоқот кард
Президенти Узбекистон Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 иштирок кард
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Покистон Исҳоқ Дор мулоқот намуд