Имрӯз ба фаъолияти Муассисаи давлатии Телевизиони «Варзиш» 3 сол пур шуд

Март 1, 2019 14:57

ДУШАНБЕ, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. 1 марти соли 2016, дар арафаи таҷлили ҷашни миллӣ— 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.

Имрӯз ба таъсиси ин муассисаҳо се сол пур шуд. Бояд зикр намуд, ки варзиш яке аз воситаи муҳими ҳифзу таҳкими саломатии аҳолӣ буда, омили ташаккулдиҳандаи неруву тавоноии инсон ва инъикоскунандаи симои халқу миллат дар арсаи ҷаҳон маҳсуб меёбад.  Бо дарназардошти ин, Ҳукумати мамлакат варзишро чун яке аз бахшҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат эътироф намуда, барои ҷалби васеи сокинони кишвар бо мақсади оммавигардонии он, солимгардонӣ ва тарбияи ҷисму рӯҳи солим тадбирҳои муассир амалӣ мегардонад.

Ба ин хотир  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   25  сентябри соли 2015 қарорро дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии телевизиони «Варзиш» қабул кард ва он 1 марти соли 2016  ифтитоҳ гардид.

Тавре аз Муассисаи  давлатии телевизиони «Варзиш» хабар медиҳанд, шабакаи соҳавии мазкур ба таҳияву тадвини барномаву гузоришҳо доир ба варзиш-яке аз бахшҳои муҳими ҳаёти иҷтимоии кишвар нигаронида шудааст.

Таъсиси шабакаи мазкур ҷиҳати боз ҳам ғаниву рангоранг гардидани фазои иттилоотии кишвар, дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, тарзи ҳаёти солим ва зебоипарастӣ тарбия намудани насли ҷавон ва дастрасии бештар пайдо кардани аҳолии мамлакат ба иттилооти варзишӣ мусоидат менамояд.

Ҳамчунин зикр карда шуд, ки дар  Муассисаи давлатии ТВ «Варзиш» вохӯриҳои дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, бозиҳои лигаи олӣ ва аввали футболи кишвар, инчунин чемпионатҳо ва мусобиқаҳое, ки таҳти васояти Конфедератсияи Футболи Осиё сурат мегиранд, инъикос мешаванд. Дар эфири шабакаи телевизиони «Варзиш» бозиҳои шавқовари Лигаи чемпионҳо ва Лигаи Аврупо, Премйер-лигаи Англия, Ла-Лигаи Испания, бозиҳои Серияи «А»-и Италия, Бундеслигаи Германия, Лигаи 1-уми Франсия, Премйер-лигаи Россия, ҳамчунин вохӯриҳои марказии дигар чемпионатҳои муқтадири кишварҳои аврупоӣ бо сифати баланд пахш мегарданд.

Дар баробари ин шабакаи телевизиони «Варзиш» намудҳои дигари варзиш, аз ҷумла футзал, баскетбол, волейбол, гандбол, теннис, дзюдо, самбо, варзиши сабук, намудҳои зимистонаи варзиш, сабқатҳои мошинрониву велосипедронӣ ва ғайраро низ инъикос мекунад.

Бояд гуфт, ки барои таҳияиву танзими барномаҳо, шарҳу тавзеҳоти бозиҳо, омода кардани гузоришҳои таҳлилӣ, тарҷума ва дубляжи филмҳо ва умуман инъикоси тамоми барномаҳои варзишӣ як гурӯҳ рӯзноманигорон, шореҳон, танзимгарон, тасвирбардорон, коргардонҳо, муҳандисон ва дигар шахсони масъул дар шабака фаъолият мебаранд.

Дар эфири шабакаи телевизиони «Варзиш» инчунин барномаҳои муаллифӣ оид ба чеҳраҳои намоёни ин намуди варзиш, ситораҳои собиқ ва тозазуҳури варзиши ватаниву хориҷӣ, аз таърих ва фаъолияти даставу бошгоҳҳои алоҳида, чемпионҳои ҷаҳон ва дастаҳои мунтахаби маъруфи олам таҳия ва намоиш дода мешаванд.

Кобили зикр аст, ки соли гузашта ҳайати эҷодиву техникии ин телевизион бори аввал пахши бузургтарин мусобиқоти варзишии сайёра- Чемпионати ҷаҳонии Россия-2018-ро таҷриба карданд. Моҳи январи соли ҷорӣ боз як дастоварди бузурги дигар дар соҳаи телевизиони кишвар аз ҷониби кормандони ин муассиса роҳандозӣ шуд. Шореҳони футбол Бобо Холмуродзода ва Фаридуни Шарифзод аз шаҳри Олмалики Ӯзбекистон ба таври мустақим ҷараёни бозии даври муқаддамотии Лигаи чемпионҳои Осиёро байни «АГМК»-и Ӯзбекистон ва «Истиқлол»-и Тоҷикистонро шореҳӣ карданд.

Солҳои қаблӣ низ рӯзноманигорону мухбирони ин шабака  аз ҷараёни бонуфузтарин форумҳои варзишии сайёра, аз ҷумла Бозиҳои олимпии Рио-2016, Бозиҳои Осиё дар иншооти сарпӯшидаи Ашқобод-2017, Бозиҳои ҷаҳонии кӯчиён-Иссиқкӯл-2018, Бозиҳои Осиё- Ҷакарта-2018, Чемпионати Осиё оид ба футбол миёни дастаҳои мунтахаби наврасон ва ҷавонон дар соли 2018 ва даҳҳо мусобиқоти дигар сафар карда, гузоришҳо таҳия намуданд, ки он дар таърихи шабакаҳои телевизионии кишвар назир надорад.

Мо, ҳайати эҷодии АМИТ «Ховар» кормандони муассисаҳои давлатии телевизиони «Варзиш», «Синамо» ва Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо  ин рӯз  самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаашон муваффақиятҳо таманно дорем.

 Ибодат ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Март 1, 2019 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд