IRS: Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ таъмин гардид

Март 4, 2019 13:36

ДУШАНБЕ, 4.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, шурӯъ аз 1 марти соли равон бинобар зиёд будани тармафароӣ ҳаракати ҳама намуди воситаҳои нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ боздошта шуд. Давоми ин рӯзҳо аз ҷониби кормандони филиали Ширкати саҳомии “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” зиёда аз 85  тармаи хурду бузург бартараф гардиданд.

Нимаи дуюми дирӯз дар ин роҳ ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ба истиснои мошинҳои ядакдор ва “Фура”-ҳо бо фосила аз як самт  имконпазир гардид. Барои мисол, дирӯз ҳаракати нақлиёт аз Хуҷанд ба самти Душанбе таъмин шуда, субҳи имрӯз аз Душанбе ҷониби Хуҷанд роҳандозӣ гардид. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Далери Абдулло хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, дар мавсими сармои имсола тадбирандешиҳо хеле зиёд буда, тибқи муқаррароти Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат ситоди муштарак аз ҳисоби кормандони ширкат ва вазорати нақлиёт ва корҳои дохилӣ таъсис ёфтааст. Аъзои он тасмим мегиранд, ки дар сурати афзоиш ёфтани хатари тарма ё дигар омилҳо ҳаракати нақлиёт қатъ карда шавад.

Ҳамчунин Далери Абдулло гуфт, ки «далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки мушкилӣ асосан дар километрҳои 48-82 мавҷуд аст. Дар ин мавзеъҳо хавфи тармафароӣ ва бориши пуршиддати барф зиёд аст. Сарфи назар аз ин омил, кормандони филиали Ширкат ҳамарӯза аз субҳи барвақт ба тозакунии роҳ ва коркарди он бо моддаҳои зидди лағжиш шурӯъ мекунанд. Барои фаъолият муназзаму пурмаҳсул дар фаслҳои тирамоҳу зимистон 10 ҳазор  метри мукааб  маводи зиддилағжиш, 260 ҳазор литр сўзишвори дизелӣ, 85 тонна ангишт  ва  ба миқдори зарурӣ либосҳои зимистонаи махсус барои кормандон ва ғайра захира шудааст. Ин омил имкон медиҳад, ки рисолати ширкат, яъне нигоҳдории шоҳроҳ дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардад.  Аз ронандагон даъват ба амал меорем, ки тасмими ширкатро, ки аз Фармоиши якҷояи вазоратҳои корҳои дохилӣ ва нақлиёти мамлакат манша гирифтааст, дарк кунанд. Зеро дар ҳолатҳои зарурӣ маҳдуд кардани ҳаракат дар ин роҳ дар навбати аввал ба бехатариашон рабт дорад»,-гуфт Далери Абдулло.

Март 4, 2019 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд