Иштирокчиёни конфронси минтақавии «Имрӯз амал намову фардоро бисоз» аз ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Ҳисор дидан намуданд

Март 29, 2019 16:21

ДУШАНБЕ, 29.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҳайати иштирокчиёни конфронси минтақавии  «Имрӯз амал намову фардоро бисоз» аз Маркази ҷавонони ноҳияи Шаҳринав дидан намуданд.
Тавре аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳайати меҳмонон аз намояндагии Созмони Милали Муттаҳид, ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Россия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Гурҷистон, Покистон, Муғулистон ва сафирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иборат буда, онҳоро дар даромадгоҳи маркази ноҳияи Шаҳринав ҷавонону наврасон бо гулу гулдаста пешвоз гирифтанд.

Меҳмонон зимни боздид аз  маркази ҷавонон  бо ҳайати муҳассилини курсҳои омӯзишӣ  суҳбат намуда, ба онҳо маслиҳатҳо доданд.

Дар марказ курсҳои омӯзишӣ, аз қабили забони русӣ,  англисӣ,  компютерӣ, атласбофӣ, қолинбофӣ ва  дигар ҳунарҳои мардумӣ  ба роҳ монда шуда,  омӯзиши он ройгон мебошад.  Дар  ҳар як курс беш аз 30 нафар  ҷавонон дар муҳлати 3 моҳ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Меҳмонон аз ин иқдоми Ҳукумат нисбат ба ҷавонон изҳори хушнудӣ намуда, иброз доштанд, ки  курсҳои мазкур  барои рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

Нимаи дуюми рӯз иштирокчиёни конфронси минтақавии  «Имрӯз амал намову фардоро бисоз» ба шаҳри Ҳисор сафар намуда, аз ҷойҳои таърихии шаҳр дидан намуданд.

Баъди ба даст овардани соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба татбиқи сиёсати ҷавонон аҳамияти хосса зоҳир менамояд. Имрӯз ҷавонон  имконият доранд   бо истифода аз  шароити мусоид ба омӯзиш ва азхуднамои донишҳои муосир ва рушду малакаҳои зеҳнӣ машғул шаванд.

Март 29, 2019 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ҶАШНВОРАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ЭЪТИРОФ ВА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАНД. Эҳдо ба Рӯзи кинои тоҷик
Дар Минск бахшида бо Рӯзи байналмилалии бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ ҳамоиш доир шуд
Дар даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 581 довталаб иштирок менамояд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
«ТОҶИ СОМОН». Меҳмонони синамоҷоизаи миллӣ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон—Ватани азизи ман» баргузор гардид
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Оид ба ҳифзи мероси таърихию фарҳангии тоҷикон конфронси байналмилалӣ доир шуд
«ДОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
«ТОҶИ СОМОН». Дар доираи синамоҷоизаи миллӣ рӯзҳои кинои Эрон, Русия, Узбекистон ва Қирғизистон баргузор мегардад