Иштирокдорони Фестивали байналмилалӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд
ДУШАНБЕ, 20.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз меҳмонони Фестивали байналмилалии «Наврӯз – мероси фарҳангию сайёҳӣ» аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, меҳмононро дар саҳни Осорхона роҳбарият ва дигар шахсони масъули Осорхонаи миллии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.
Сипас, аз ҷониби кормандони Осорхонаи миллӣ ба меҳмонон дар сатҳи баланди касбӣ бо забонҳои англисӣ ва чинӣ сайри осорхонавӣ гузаронида шуд. Зимни он меҳмонон бо бозёфтҳои давраҳои гуногуни таърихии халқи тоҷик, шурӯъ аз асри санг то замони муосир ва дастовардҳои замони истиқлолият шинос гардиданд. Ба ин восита онҳо аз ин махзани илму маърифат дидан намуда, бо таърих ва фарҳанги халқи тоҷик ошно гардиданд.
Меҳмонон аз боздиди толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда, чун анъана дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон таассуроти хешро дарҷ намуданд.








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






