«MADE IN TAJIKISTAN». Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор» — муаррифи маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ

Март 28, 2019 14:09

ДУШАНБЕ, 28.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Беш аз 100 ширкати тавлидотии ватанию хориҷӣ молу маҳсулоти худро дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе оғоз ёфт, ба намоиш гузоштанд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзияи Саид иттилоъ медиҳад, ки  дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода ва намояндагони дигар вазорату идораҳои марбутаи мамлакат, инчунин  меҳмонон сухан карданд.

Зикр шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва дар ин замина тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бо кишварҳои хориҷӣ тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин росто, Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон-2019. Баҳор», ки дар масоҳати умумии 600 метри мураббаъ дар «Кохи Борбад»-и пойтахт доман густурдааст, ҳадафаш  муаррифии молу маҳсулоти корхонаю ширкатҳои  тавлидотии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ҷалби сармоя ва рушди иқтисод дар мамлакат мебошад.

Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон -2019. Баҳор»  бо ибтикори Палатаи савдо ва  саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт зарфи се рӯз- аз 28 то 31 март  гузаронида мешавад. Дар он ширкатҳои молистеҳсолкунандаи  ватанию хориҷӣ маҳсулоти худро  дар бахшҳои энергетика, технологияю таҷҳизот, саноати кимиё, мошинсозӣ, кишоварзӣ, сохтмон, хӯроки умумӣ, тиб ва дорусозӣ, технологияҳои иттилотӣ ва коммуникатсионӣ, нақлиёт ва логистика,  технология ва хизматрасонии бонкӣ, маснуоти заргарӣ, бастабандӣ ва табъу нашр,  сайру саёҳат  ва ҳунармандӣ ба намоиш гузоштаанд.

Бояд тазаккур дод, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2019.Баҳор» дар радифи беш аз 50 ширкати ватанӣ инчунин ширкатҳои тавлидотӣ аз кишварҳои хориҷӣ,  назири Россия, Беларус, Кореяи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон  ва Афғонистон молу маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Маҳсулоти ширкатҳои тавлидотии Тоҷикистон, аз қабили «Покофар», «Ширин», «Лазкон», «Тоҷ сармоя», «Темуриён», «Намаки Ашт», «Комбинати шири  Кӯлоб», «Зиркон», «Элегант», «Silkсолт», «Арча», «Рухом», «Зари  Кӯлоб», ки дар намоишгоҳ бо навиштаҷоти «Made in Tajikistan» гузошта шудаанд, бозгӯи рушди соҳибкорӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти  ватанӣ дар  Тоҷикистон мебошанд.

Интизор меравад, ки дар доираи намоишгоҳ ҳамоиши доираҳои соҳибкорию тиҷоратии Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ, ки ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон -2019.Баҳор» ба Тоҷикистон омадаанд, баргузор шавад.

Март 28, 2019 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад
Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Ҷамшед Нурмаҳмадзода: «Омори боэътимод заминаи муҳими банақшагирӣ, пешрафт ва қабули қарорҳои дуруст ба манфиати ҷомеа аст»
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ба имзо расид
Тоҷикистон ва Арманистон ҳамкориро дар самти ҳифз ва барқарорсозии экосистемаҳо ва мониторинги гуногунии биологӣ тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаи инфрасохтор ва сохтмони муҳандисӣ ба имзо расид
Байни мақомоти зиддикоррупсионии Тоҷикистон ва Чин Ёддошти тафоҳум оид ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия ба имзо расид
Дар Агентии авиатсияи гражданӣ дар мавзуи «Амнияти иттилоотӣ дар шароити таҳдидҳои киберии муосир» ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Сохтмони роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб қадами муҳим дар рушди инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон аст