«МАН НАКУНАМ, КӢ МЕКУНАД?». Вакилони парлумони Тоҷикистон имрӯз ба ҳашари умумихалқӣ баромаданд

Март 16, 2019 12:44

ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи парлумони касбии мамлакат яке аз аввалинҳо шуда, ташаббусҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти корҳои созандагию  бунёдкории Ватани азизамон дастгирӣ намуда, имрӯз дар арафаи ҷашни Наврӯзи дилафрӯз ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии  Тоҷикистон ба ҳашари умумихалқӣ баромаданд.

Дар ин раванд вакилони Маҷлиси намояндагон ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо рӯҳияи баланди ватандорӣ ва ободкорӣ баҳри он ҷиду ҷаҳд доранд, ки санаи барои миллати тоҷик тақдирсозро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.

Баҳри ин мақсади наҷиб бо иқдоми бевоситаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар парлумони касбии мамлакат имрӯз таҳти унвони  «Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад?» ҳашари умумихалқӣ  доир гардид.

Дар ҳашари мазкур зиёда  аз 100  нафар кормандони Дастгоҳ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ширкат доштанд.   Кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон  бо рухияи болида ва шукргузори аз сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  чун  яктан барои тоза кардани бехи дарахтон,  хоки замини макони фароғатиро  канда аз ғалбер гузаронида, сангу шағали онро ҷудо намуданд ва ба таъмиру тармими бинои Маҷлиси намояндагон  камари ҳиммат бастанд. Иттифокӣ, ҳамбастагӣ ва пайрави аз тадбирҳои нек ва муттахиди дар атрофи  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат  нишон дод, ки масъулини Маҷлиси намояндагон нисбат ба корҳои неку созанда бетараф нестанд ва ҳамеша омодаанд саҳми худро дар ин кори хайр  гузоранд.

«Ҳар як ҷавони ба ору номуси Маҷлиси намояндагон тасмим гирифтаанд, ки дар зебо ва обод гардонидани ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорад ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намояд»-гуфт Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизроб Кабиров.

«Ҳадафи дигари чорабинии мазкур тақвияти ҳисси ватандустиву худшиносии милли, бедор намудани ифтихори ватандори, тарбияи ҷавонон дар руҳияи инсондустӣ, якдили, якмароми, баробариву бародари ва тахкими сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад»,- афзуд  дар анҷом  муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Азизӣ.

Дил ба ғами Ватан фигор ман накунам, кӣ мекунад?
Ҷон ба раҳи Ватан нисор ман накунам, кӣ мекунад? 

Ҳашари имрӯзаи вакилон воқеан ҳам мисраъҳои адиби бедордили миллат, Шоири халқии Тоҷикистон Ғаффор Мирзоро ба ёд меорад, ки дар бораи ватандорони бонангу номус гуфтааст, дар бораи онҳое, ки ҳамеша дар ғаму шодии миллат шарик буда, тамоми ҳастии хешро баҳри сарсабзию хуррамӣ ва суботу пойдории Ватани азизи худ мебахшанд.

Март 16, 2019 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид