МАВСИМИ КИШТУКОР: Ба кишоварзони Бадахшон кумаки техникӣ расид

Март 23, 2019 10:46

ДУШАНБЕ, 23.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияҳои вилоят дар остонаи кишту кори баҳорӣ  соҳиби боз чаҳор трактори тамғаи “Беларусь» гардиданд. Дар ин бора хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Сардии ҳаво ва боронгариҳо дар ин минтақаи кӯҳсори кишвар имкон намедиҳанд, ки кишту кори баҳориро аз аввали моҳи март оғоз кунанд. Одатан дар бештари ноҳияҳо деҳқонон дар даҳаи аввали моҳи апрел ба корҳои саҳроӣ шуруъ мекунанд. Раиси вилояти зимни тақдими калиди мошинолоти нави кишоварзӣ ба деҳқонон барори кор хоста, баён дошт, ки трактори белорус ба шароити кӯҳистон тобовар буда, ҳатто дар заминҳои пур аз реги кӯҳдоманҳо низ аз он истифода бурдан мумкин аст. Аммо ҳарчӣ бештар дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани  мошинолоти кишоварзӣ ва самаранок истифода бурдани он ба худи ронандагон вобастагӣ дорад.

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» ба мақсади таъмини хоҷагиҳои деҳқонӣ бо таҳҷизоти техникӣ дар ноҳияҳои мурғоб, Ишкошим, Роштқалъа ва Қалъаихум Маркази фурӯши техника (МТС) ташкил намудааст. Дар ин марказҳо тракторҳои тамғаиҳои «МТЗ 82», «Тоҷирон», плуг, испор ва дигар намудҳои мошинолоти соҳаи кишоварзӣ ба тариқи лизинг ба фурӯш баровард мешавад. Ҳамчунин дар ҳамаи ноҳияҳои вилоят Марказҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият мекунанд, ки ба таъмири техника ва фурӯши қисмҳои эҳтиётӣ машғул мебошанд.

Март 23, 2019 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад