Мусобиқаи гӯштингирӣ дар Новосибирск ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз
ДУШАНБЕ, 26.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо ташаббуси Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин шаҳр миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ва дигар халқияту миллатҳо мусобиқи гӯштингирӣ баргузор гардид. Тавре хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, дар ин мусобиқи варзишӣ, ки доираи васеи дӯстдорони гӯштини миллии тоҷикиро ба ҳам овард, паҳлавонони тоҷику ӯзбек, қирғизу қазоқ ва дигар ҷавонон байни ҳам рақобат карда, бо ҳунарнамоии худ тамошобинонро ба ваҷд оварданд. Баъди иштироки фаъолона ғолибони мусобиқа дар вазнҳои гуногун муайян гардиданд. Ҳамин тавр дар вазнҳои 70 кг ва бештар аз он ҷавонони тоҷик Абдураҳмон Ғиёсов, Ҷамшед Бояков, Меҳрубон Латифов, Ватан Сафаров, Абдураҳим Абдукаримов, Суҳроб Абдуҷабборов ва дар вазни 90 кг Муҳаммадназар Абдуллоев бо мағлуб кардани ҳарифони худ, сазовори ҷойҳои аввалу ифтихорӣ гардиданд.
Консули генералии Ҷумҳрии Тоҷикистон дар Новосибирск Зардӣ Шамсиддин ва мутахассиси намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Шералӣ Нуриддин зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, ки: «Дар баробари оростани хони Наврӯзӣ ва пешниҳоди расму анъанаҳои хоси ин ид, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла гӯштингирӣ дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Новосибирск ба ҳукми анъана даромадааст. Мо қаблан доир ба чунин мусобиқаҳо дар байни ҳамватанонамон, ки дар минтақаи Сибир ва дигар гӯшаву канори Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, эълонҳо пахш карда хоҳишмандонро барои ширкат даъват менамоем. Сардовари мусобиқи гӯштинигирӣ, устоди варзиш Бегназар Абдуллоев мегӯяд: «Хушбахтона мусобиқаи гӯштини миллии тоҷикона дар байни дигар халқияту миллатҳо маҳбубият пайдо кардааст ва сол ба сол шумораи хоҳишмандон барои иштирок дар он меафзояд. Инчунин баъзе нафарон на танҳо хоҳиши иштирок дар чунин мусобиқаро доранд, балки мехоҳанд ин намуди варзишро омӯзанд ва аз нозукиҳои он бохабар бошанд.»
Тавре Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск Зардӣ Шамсиддин дар идомаи суҳбаташ зикр кард: «Мо нақша дорем, бо дастгирии соҳибкорони муваффақ ва ҳамватанони азизамон, ки дар минтақаи Сибир имкониятҳои фаровони кору фаъолият доранд, ояндаи наздик дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқи гӯштини миллии тоҷиконаро дар сатҳи байналмилалӣ баргузор карда, паҳлавонони номдорро аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо даъват намоем».
Дар анҷоми мусобиқаи гӯштингирӣ, ғолибон бо мукофотҳои таъсиснамудаи Ҷамъияти тоҷикони минтақаи Сибир сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин дар хони оростаи наврӯзӣ, ки пур аз хӯрокҳои миллӣ ва хоси Ҷашни байналмилалии Наврӯз, аз қабили ҳафтсину ҳафшин буд, меҳмонону иштирокчиёнро писанд афтод. Садои суруду мусиқии тоҷикона ва шеъру таронаҳои дар варсфи Наврӯз пешниҳод гардида, базмгоҳи ин ҷашнро боз ҳам рангу таровати дигар мебахшид.
Ёдовар мешавем, тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва мусобикаҳои варзишӣ аз ҷониби ҳамватанонамон дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия ҷараён доранд.








35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд






