Мусобиқаи гӯштингирӣ дар Новосибирск ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз

Март 26, 2019 10:58

ДУШАНБЕ, 26.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз, бо ташаббуси Консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин шаҳр миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ва дигар халқияту миллатҳо мусобиқи гӯштингирӣ баргузор гардид. Тавре  хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» дар ФР Садбарги БОҚӢ иттилоъ медиҳад, дар ин мусобиқи варзишӣ, ки доираи васеи дӯстдорони гӯштини миллии тоҷикиро ба ҳам овард,  паҳлавонони тоҷику ӯзбек, қирғизу қазоқ ва дигар ҷавонон байни ҳам рақобат карда, бо ҳунарнамоии худ тамошобинонро ба ваҷд оварданд. Баъди иштироки фаъолона ғолибони мусобиқа дар вазнҳои гуногун муайян гардиданд. Ҳамин тавр дар вазнҳои 70 кг ва бештар аз он ҷавонони тоҷик Абдураҳмон Ғиёсов, Ҷамшед Бояков, Меҳрубон Латифов, Ватан Сафаров, Абдураҳим Абдукаримов, Суҳроб Абдуҷабборов ва дар вазни 90 кг Муҳаммадназар Абдуллоев  бо мағлуб кардани ҳарифони худ, сазовори ҷойҳои аввалу ифтихорӣ гардиданд.

Консули генералии Ҷумҳрии Тоҷикистон дар Новосибирск Зардӣ Шамсиддин ва мутахассиси намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Сибир Шералӣ Нуриддин  зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор доштанд, ки: «Дар баробари оростани хони Наврӯзӣ ва пешниҳоди расму анъанаҳои хоси ин ид, баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, аз ҷумла гӯштингирӣ дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Новосибирск ба ҳукми анъана даромадааст. Мо қаблан доир ба чунин мусобиқаҳо дар байни ҳамватанонамон, ки дар минтақаи Сибир ва дигар гӯшаву канори Федератсияи Россия кору фаъолият менамоянд, эълонҳо пахш карда хоҳишмандонро барои ширкат даъват менамоем. Сардовари мусобиқи гӯштинигирӣ, устоди варзиш Бегназар Абдуллоев мегӯяд: «Хушбахтона мусобиқаи гӯштини миллии тоҷикона дар байни дигар халқияту миллатҳо маҳбубият пайдо кардааст ва сол ба сол шумораи хоҳишмандон барои иштирок дар он меафзояд. Инчунин баъзе нафарон на танҳо хоҳиши иштирок дар чунин мусобиқаро доранд, балки мехоҳанд ин намуди варзишро омӯзанд ва аз нозукиҳои он бохабар бошанд.»

Тавре Консули генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск Зардӣ Шамсиддин дар идомаи суҳбаташ зикр кард: «Мо нақша дорем, бо дастгирии соҳибкорони муваффақ ва ҳамватанони азизамон, ки дар минтақаи Сибир имкониятҳои фаровони кору фаъолият доранд, ояндаи наздик дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз  ва ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқи гӯштини миллии тоҷиконаро дар сатҳи байналмилалӣ баргузор карда, паҳлавонони номдорро аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо даъват намоем».

Дар анҷоми мусобиқаи гӯштингирӣ, ғолибон бо мукофотҳои таъсиснамудаи Ҷамъияти тоҷикони минтақаи Сибир сарфароз гардонида шуданд.

Ҳамчунин дар хони оростаи наврӯзӣ, ки пур аз хӯрокҳои миллӣ ва хоси Ҷашни байналмилалии Наврӯз, аз қабили ҳафтсину ҳафшин буд, меҳмонону иштирокчиёнро писанд афтод. Садои суруду мусиқии тоҷикона ва шеъру таронаҳои дар варсфи Наврӯз  пешниҳод гардида, базмгоҳи ин ҷашнро боз ҳам рангу таровати дигар мебахшид.

Ёдовар мешавем, тантанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва мусобикаҳои варзишӣ аз ҷониби ҳамватанонамон дар дигар минтақаҳои Федератсияи Россия ҷараён доранд.

Март 26, 2019 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои баргузории Фестивали бозиҳои варзиши миллӣ оғоз гардиданд
Ҷаласаи 6-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳифзи муҳити зист доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо мақсади тақвияти устувории шаҳрҳо ба хавфи офатҳо ва тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ машварат доир гардид
«ТОҶИКИСТОН, БА ПЕШ!». Дар шаҳри Ҳисор ташкилоти ибтидоии нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокинони биноҳои баландошёнаи шаҳри Норак дар ин самт намунаи ибратанд
Дар Истаравшан корҳои омодагӣ ба соли хониши 2025-2026 вусъат меёбанд
Дар шаҳри Норак 5215 нафар кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳо ҷалб карда мешаванд
Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид
Имрӯз ҳаво дар Душанбе то 41 дараҷа гарм мешавад