Намояндагони Парлумони мамлакат бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Санкт-Петербург мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 15.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Дар Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Россия вохӯрии раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Шариф Раҳимзода ва Лутфия Раҷабова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов ва Консули генералӣ Давлаталӣ Назризода бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- намояндагони ҷамъиятҳо, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён баргузор гардид.
Намояндагони Парлумони Тоҷикистон доир ба нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлаторӣ ва дастовардҳои бузурги ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун, бахусус кӯшишҳо барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ, сохтмони корхонаву иншооти гуногун, аз ҷумла ба кор андохтани чархаи аввали НОБ-и “Роғун” сухан карданд.
Ҳамзамон доир ба мавқеи созанда ва тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар андешидашуда дар раванди тарбияи насли наврас ва ҷавонон, мубориза бо таҳдидҳои амниятӣ, таъмини суботу оромӣ ва заминаи мусоид барои рушди устувор дар минтақа, Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 табодули назар карда шуд.
Намояндагони Парлумони мамлакат ба саволҳои ҳозирин посух дода, роҷеъ ба вазъи ҳуқуқии муҳоҷирон ва мушкилоти ҷойдошта бо онҳо суҳбат намуданд. Зимни саволу ҷавоб муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯён як зумра масъалаҳо, аз ҷумла авфи муҳоҷирони меҳнатиеро, ки ба рӯйхати ихроҷшудагон ворид шудаанд ва айни ҳол дар ҳудуди Россия ба сар мебаранд, гузаштани таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ аз тарафи донишҷӯён дар корхона ва муассисаҳои Федератсияи Россия ва дигар масъалаҳои доғи рӯзро ба миён гузошта, аз намояндагони Парлумон хоҳиш намуданд, ки барои ҳалли ин масъалаҳо дар сатҳҳои зарурӣ тадбир андешанд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






