Қоҳир Расулзода: «Тавсеаи равобити иқтисодии Тоҷикистон ва Россия дар меҳвари сиёсати иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад»

Март 20, 2019 16:40

ДУШАНБЕ, 20.03.2019/АМИТ «Ховар»/. 20 март дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 16-уми Комиссияи  байниҳукуматӣ оид ба  ҳамкории  иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи  Россия  таҳти ҳамраисии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини аввали Раиси Ҳукумати Россия, вазири молияи Федератсияи Россия Антон Силуанов баргузор гардид. Дар он муҳимтарин масъалаҳои дурнамои тақвияти ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Россия баррасӣ шуданд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода  иттилоъ медиҳад, ки роҳбарони ҳайатҳо  дар назди иштирокдорони ҷаласа роҷеъ ба ҷараёни татбиқи  Протоколи  ҷаласаи 15-уми  Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия, вазъи макроиқтисодӣ  дар кишварҳои худ,  инчунин қадамҳои устувор ва нек дар самти  гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ  ва таъсири он ба беҳдошти  фазои сармоягузории ҳарду давлат  гузориш доданд.

Саварзири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода афзуд, ки тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратӣ  байни Тоҷикистон ва Россия дар меҳвари сиёсати  иқтисодии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор дорад, зеро ду давлат дар миқёси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил  шарики стратегӣ  буда, Россия то ҳол шарики пешсафи иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳаҷми гардиши мол байни ду кишвар соли гузашта беш аз 1 миллиард доллари америкоиро ташкил дода, сармояи Россия ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз 1,6 миллиард доллари америкоӣ боло рафт. Ҳиссаи савдо бо Россия аз ҳаҷми умумии муомилоти савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2018-ум  24 фоизро ташкил дод.  Ҳамзамон дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба тақвияти робитаҳо дар соҳаҳои  иқтисоду тиҷорат, энергетика, мошинсозӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, кишоварзӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг  ва соири масъалаҳои тавсеаи ҳамкории иқтисодӣ матраҳ гардиданд.

Дар анҷом Протоколи ҷаласаи 16-уми  Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин Меморандум оид ба ҳамкорӣ байни Шӯрои  тиҷоратии Тоҷикистону Россия ба имзо расонида шуданд.

Дар анҷом Сарвазири Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва  муовини аввали Раиси Ҳукумати Россия, вазири молияи Федератсияи Россия Антон Силуанов барои намояндагони воситаҳои ахбори омма изҳороти муштарак роҷеъ ба ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ  баён карданд. Аз ҷумла,  Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода изҳор дошт,  ки «дар маҷмӯъ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ аз рӯи тамоми масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа мо ба мувофиқа расидем.  Дар бахши иқтисодиёт ба тамоми вазорату идораҳои ҳарду ҷониб супориш дода шуд, ки ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузории мутақобила дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои иловагӣ андешанд, инчунин таъмини имкониятҳои баробар ва фароҳам овардани шароити мусоидро  барои рақобатпазирии солими субъектҳои хоҷагидор, ки  дар қаламрави ҳарду давлат ба қайд гирифта шудаанд, фароҳам оваранд.  Ҳамзамон қарорҳои дахлдор барои дар оянда фаъол намудани ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои  энергетика, кишоварзӣ, саноати истихроҷ ва истеҳсолот, нақлиёт, технологияҳои иттилоотӣ, алоқа, молиявию қарзӣ қабул карда шуданд».

Муовини аввали Сарвазири Россия, Вазири молияи Федератсияи Россия Антон Силуанов зикр кард, ки Тоҷикистон ва Федератсияи Россия  шарикони стратегӣ маҳсуб  ёфта, дар асоси ин муносибот  дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ баррасӣ  гардиданд. «Воқеан дар ҷараёни кори Коммиссияи байниҳукуматӣ маҷмӯи масъалаҳои марбут ба соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, саноат, фарҳанг баррасӣ гардида, дигар масъалаҳо роҳи ҳалли худро пайдо карданд», -афзуд Антон Силуанов.

«Аз ҳама муҳим, дар ҷараёни ҷаласаи 16-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мо масъалаҳоеро матраҳ намудем, ки дар   мулоқоти Сарони ҳар ду давлат 17 апрели соли равон дар  шаҳри Москва баррасӣ мешаванд.  Инчунин дар самти омодагӣ ҷиҳати ба имзо расонидани як зумра созишномаҳои байниҳукуматӣ ва байнидавлатӣ оид ба масъалаҳои калидӣ ба мувофиқа расидем. Дар ин самт  ба вазорату идораҳои марбутаи ҳарду кишвар дастур дода шуд»,- гуфт дар анҷом Антон Силуанов.

Март 20, 2019 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлол ва рушди саноат: аз сарвати табиӣ то неруи созанда
Эмомалӣ Раҳмон: «То охири сол дар кишвар таъсиси боз 500 корхонаю коргоҳи саноатӣ пешбинӣ шудааст»
Дар ноҳияи Ҷайҳун ба сохтмони хати технологии коркарди нафт санги асос гузошта шуд
Кормандони соҳаи геология ва кӯҳкорӣ 35-солагии Истиқлоли давлатиро ботантана таҷлил намуданд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
Навбати дуюми зеристгоҳи барқии «Навобод» ба истифода дода шуд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»
Дар Тоҷикистон платформаи рақамии ватании ZARZO барои ҳисоб ва идоракунии лоиҳаҳои кишоварзӣ таҳия мегардад
Дар Душанбе Фестивали зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ -«AI ALLEY» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид