ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
ДУШАНБЕ, 09.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 18-23 то 28- 33 ва рӯзона аз 0-5 то 7-12 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар минтақаҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 3-8 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 0-5 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ Ҳавои тағйирёбанда шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борон ва барф дар назар буда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа ва рўзона 14+19 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рўзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбанда шуда, борони кўтоҳмуддат ва раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа ва рӯзона 12+14 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқррар шудааст
Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид






