ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
ДУШАНБЕ, 27.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона +9+14 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10- 15 ва рӯзона -3+8, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000м барф) дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 13 то 18 дараҷа ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона -1+4 дараҷа ва рӯзона аз 6 то 11 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйрёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 7+12 дараҷа ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000м барф) борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 9 то 14 дараҷа ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -1+6 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.








Муассисаҳои таълимӣ ва тандурустии ноҳияи Шаҳринав ба зимистонгузаронӣ омода мебошанд
35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШД ДАР ХАТЛОН. 55–60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар ин вилоят истеҳсол мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
МАНФИАТ ВА ХАВФҲОИ ИСТИФОДАИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ. Мулоҳизаҳои профессор Сайфиддин Давлатзода дар ин мавзуъ
Дар вилояти Суғд ба фаъолони соҳаҳо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Ба хонандагони ятими шаҳри Роғун либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим гардид
КИТОБ — МУФИДТАРИН ИХТИРОИ БАШАР. Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи китоб аст
Сафири Тоҷикистон бо Вазири энергетика ва маъданҳои Салтанати Умон мулоқот намуд
«35 СОЛИ СОЗАНДАГӢ ВА РУШДИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
БАРОИ АЛОҚА, БАРОИ ОДАМОН, БАРОИ ҶУМҲУРӢ. МегаФон Тоҷикистон дар чоряк асри фаъолият чӣ корҳоро анҷом дод?






