ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 05.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 18-23 то 25- 30 ва рӯзона 3-8 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона 1-6 дараҷа гарм мешавад.
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 15-17 дараҷа гарм мешавад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






