ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 14.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 14-19 ва дар мавзеи Булункӯл то 30-32 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм шуда, дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 3-8 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 1-6 дараҷа сард шуда, рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа сард мешавад. Рўзона ҳаво 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе имрӯз ҳавои камабри бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 2-4 ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад.








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид






