ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст

Март 21, 2019 08:05

ДУШАНБЕ, 21.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар ғарби вилоят  шабона 1-6 дараҷа сард шуда,  рӯзона 6-11  дараҷа гарм  мешавад. Дар шарқи вилоят  ҳаво   шабона   11-16 ва  дар мавзеи Булункӯл 26-28 дараҷа сард мешавад. Рӯзона  ҳаво аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм шуда, дар мавзеи Булункӯл  4-6  дараҷа сард мешавад.

Дар вилояти Суғд    ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад.   Шамол аз самти ғарб бо суръати   3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 6-11  ва  рӯзона 16-21 дараҷа гарм  мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм  шуда,  рӯзона 5-10  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда  шуда, рӯзона ҳаво бебориш мешавад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11  ва рӯзона 18-23  дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона  2-7  ва   рӯзона 12-17 дараҷа гарм  мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ   рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.   Ҳаво  дар водиҳо шабона 3-8  ва рўзона 17-22 дараҷа гарм мешавад.  Дар  ноҳияҳои кўҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рўзона  7-12  дараҷа  гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  шабона 4-6  ва рӯзона 19-21  дараҷа гарм мешавад.

Март 21, 2019 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд