ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 23.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят боришот (борон, барф) ба амал омада, шабона -3+2 ва рӯзона +7+12 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 10- 15 ва рӯзона -1+4, дар баъзе ноҳияҳо то 1-6 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000м барф) борида, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 7 то 12 дараҷа ва рӯзона 11-16 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона -3+2 дараҷа ва рӯзона аз 1 то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйрёбанда шуда, боридани борон ва ба амал омадани раду барқ дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 7+12 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 3+8 дараҷа ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, боридани борон (шабона дар баландиҳои зиёда аз 2000м барф) дар баъзе ноҳияҳо шиддатнок пешгӯӣ карда мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа то 9 дараҷа гарм шуда, рӯзона 12-17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -2+3 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво боронӣ буда, раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4+6 дараҷа ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






