ОБУ ҲАВО: рӯзҳои истироҳатӣ ҳарорат дар Тоҷикистон ба 24 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, гармӣ аз 19 то 24 дараҷа мерасад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5 дараҷа сард шуда, рӯзона 6-11 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 12-17 ва дар баъзе ноҳияҳо то 25-30 дараҷа сард мешавад. Рӯзона ҳаво 3-2 ва дар баъзе ноҳияҳо то 4-9 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа сард шуда, рӯзона 8-13 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 21-26 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 14-19 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона 3-8 ва рўзона 19-24 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кўҳӣ ҳаво шабона аз 3 дараҷа сард то 2 дараҷа гарм ва дар баъзе ноҳияҳо то 5-10 дараҷа сард мешавад. Рўзона ҳаво 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.








Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад






