ОБУ ҲАВО: рӯзи аввали фасли баҳор дар қаламрави Тоҷикистон борон меборад
ДУШАНБЕ, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борон дар назар аст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрнок шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 5-10 дараҷа сард шуда, рӯзона 0-5 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 15-20 то 25- 30 ва рӯзона аз 3-8 то 9-14 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо ҳавои бебориш дар назар аст. Дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 4-9 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар баландкӯҳҳо борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо шабона 4-9 ва рӯзона 13-18 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 1-6 ва рӯзона 5-10 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад. Дар минтақаҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 ва рӯзона 10-15 дараҷа гарм мешавад. Ҳаво дар кӯҳҳо шабона аз 2-7 то 8- 13 дараҷа сард шуда, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 ва рӯзона 13-15 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Шароит ва имконияти таҳсил дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат беҳтар карда мешавад
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Тоҷикистон барои амалисозии он заминаи муносиб фароҳам овард
Дар вилояти Суғд ҳаҷми истеҳсоли тухм афзоиш меёбад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд






