Озмуни «Хабарнигор» байни хонандагони мактабҳои шаҳри Кӯлоб ҷамъбаст гардид
ДУШАНБЕ, 16.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Ба пешвози «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар толори машваратии Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи С.Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб бо ташаббуси Китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳр миёни хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмуни «Хабарнигор» гузаронида шуд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамасола оғози моҳи апрел дар кишвар бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Озмуни мазкур ба ин Ҳафта бахшида шуда буд.
Иштирокчиёни озмун ба ҳайати доварон маводи хабарии омодакардаи худро манзур намуданд. Хонандаи синфи 6-и МТМУ-№5 Саодати Бозор ғолиби озмун дониста шуда, ба даври ниҳоӣ, ки дар доираи «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, роҳ ёфт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






