Озмуни ҷумҳуриявии «Меҳри Ватан» беҳтарин публисистони ҷавонро интизор аст

Март 28, 2019 12:03

ДУШАНБЕ, 28.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки  миёни қаламкашони ҷавон таҳти унвони «Меҳри Ватан»  озмуни ҷумҳуриявӣ доир намояд.  Иқдоми мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумита ва  «Барномаи давлатии ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2018- 2022» роҳандозӣ шудааст.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ,  мақсад  аз баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Меҳри Ватан»- ин  дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани насли наврас ва бедор намудани ҳисси миллӣ дар замири ҷавонон мебошад.  Дар  озмун муаллифони ҷавон   метавонанд бо  мақолаҳои публисистии худ иштирок намоянд.  Хоҳишмандон метавонанд то 10 майи соли равон  мақолаҳои худро ба унвони Кумита ирсол намоянд.

Муаллифони  беҳтарин мақолаҳои публисистӣ дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Март 28, 2019 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид