Парлумони Тоҷикистон ба кодексҳои андоз ва гумрук тағйирот ворид менамояд

Март 11, 2019 15:30

ДУШАНБЕ, 11.03.2019/АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки ояндаи наздик вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намоянд.

Ин ва дигар масъалаҳо дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии Парлумони  Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, баррасӣ шуданд.

Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ», «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ва  дар бораи нақшаи ҳудудии минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар анҷом аз рӯи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Март 11, 2019 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд