Пас аз таҷдиди ҳамаи агрегатҳои НБО «Норак» иқтидори истеҳсоли қувваи барқ ба 3300 мегаватт расонида мешавад
НОРАК, 09.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо хурду бузурги шаҳри Норак баҳри истиқболи меҳмонон аз гӯшаю канори мамлакат дар ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд. Ҳамзамон кормандони ду неругоҳи бузурги ҷумҳурӣ- НБО «Норак» ва НБО «Бойғозӣ» дар созандагию ободкории маркази шаҳри Норак ва гулпӯш намудани саҳни ин корхонаҳои бузургу мумфаршкунии роҳҳои он саҳми арзанда гузошта истодаанд. Хушбахтона, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи имсола бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои барқарорсозии НБО-и «Норак» оғоз мегарданд, ки ин иқдоми Президенти мамлакат ояндаи иқтисодии Тоҷикистони азизро дурахшон менамояд.
Сармуҳандиси НБО-и «Норак» Рустам Фозилов изҳор дошт, ки «Неругоҳи барқи обии «Норак» солҳои 70-уми асри гузашта ба истифода дода шуда, 2700 мегаватт қувваи барқ истеҳсол мекард. Баъди гузаронидани корҳои таъмиру таҷдид соли 1988 иқтидори истеҳсоли қувваи барқ дар неругоҳ ба 3000 мегаватт расонида шуд. Вале давоми зиёда аз 40 соли фаъолияти корӣ тавоноиигидроагрегатҳои неругоҳ аз сабаби кӯҳнаю фарсуда шудан ба миқдори 400 мегаватт кам гардидааст. Аз ин лиҳоз зарурати ивазнамоии агрегатҳо ва дигар таҷҳизоти неругоҳ ба миён омад, то иқтидори пешинаи неругоҳ барқарор карда шавад. Лоиҳаи барқарорсозии Неругоҳи барқи обии «Норак» дар ду марҳила давоми даҳ сол сурат гирифта, дар доираи он таҷдиди ҳамаи гидроагрегатҳо амалӣ карда мешавад. Ҳамзамон иқтидори истеҳсолии НБО «Норак» ба 3300 мегаватт расонида мешавад».
Корҳои барқарорсозии НБО-и «Норак» аз тарафи ширкати «Андритс Гидро», ки дорои таҷрибаи бойи амалисозии лоиҳаҳои байлалмилалии гидроэнергетикӣ ва бузургтарин ширкати ҷаҳонии истеҳсолкунанда ва таъминкунандаи таҷҳизоти муосир барои неругоҳҳои барқи обӣ мебошад, амалӣ мегардад.
Кормандони неругоҳ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани ин маросими муҳими давлатӣ дар атрофи корхона зиёда аз даҳ ҳазор гулҳои рангобарангу дарахтони ороишӣ шинонида ва шиору овезаҳо насб кардаанд. Дар ин рӯзҳо дар шаҳр баҳри дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонони олимақом корҳои омодагӣ ва сохтмонию созандагӣ ҷараён доранд.








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






