Рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз ҳавои Тоҷикистон тағйирёбанда мешавад

Март 20, 2019 13:05

ДУШАНБЕ, 20.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои ҷашни Наврӯз ҳавои  Тоҷикистон тағйирёбанда мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Байдуллоева хабар дод.

Ба иттилои манбаъ,  20 марти соли равон рӯзона  дар қисми зиёди минтақаҳо ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар охири рӯз борон  меборад.

21 март дар қисми зиёди ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш  мешавад.  Дар  минтақаҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо  боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

22 марти соли равон  рӯзона дар қисмати зиёди ҷумҳурӣ ҳавои абрноки бебориш мешавад. Дар охири рӯз боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.

23 март низ дар ҷумҳурӣ   аз шаб то саҳар боронҳои кӯтоҳмуддат борида,  дар қисматҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Рӯзона ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳавои Тоҷикистон рӯзи 24 март тағйирёбандаи бебориш боқӣ мемонад.

Бино ба маълумоти Ҷамила Байдуллоева, дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона  3-8  ва рӯзона аз 15-20 то 22-25 дараҷа гарм мешавад.  Дар қисматҳои кӯҳӣ  ҳаво шабона 0-5 дараҷа гарм шуда, рӯзона ҳарорат аз  3-8  то ба 10-15 дараҷа мерасад.

Март 20, 2019 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа