Шаҳри Норак то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ободу зебо мегардад
НОРАК, 05.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои созандагию бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак вусъати тоза пайдо намудаанд. Сокинони шаҳр аз он ифтихор доранд, ки бо дастури Президенти мамлакат имсол иди Наврӯзи ҷаҳонӣ дар шаҳри Норак ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзҳо дар ҳошияи омодагиҳо ба ҷашн хурду бузурги шаҳр ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ машғуланд. Ин матлабро мудири Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳри Норак Мунира Ҳакимова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» баён дошт.
Мудири бахши шаҳрсозӣ ва меъмории шаҳри Норак Шуҳрат Азимов иброз дошт, ки бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Норак бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ даҳ иншооти дорои аҳамияти маҳаллию ҷумҳуриявӣ бунёд гардида, дар рӯзҳои таҷлили ҷашни мазкур ба фаъолият оғоз менамоянд.
Аз ҷумла, сохтмони бинои истиқоматии ҳафтошёна ба маблағи беш аз 4 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Садриддин Абдулло дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Корҳои сохтмонӣ дар бинои панҷошёна, майдончаҳои варзишӣ низ бо маром идома доранд. Тибқи лоиҳа, ошёнаҳои якуми ин биноҳо марказҳои хизматрасонӣ, сехҳои дӯзандагӣ, тиҷоратӣ, сартарошхона, кошонаи ҳуснро дар бар мегиранд ва дар биноҳои баландошёнаи иқоматӣ ва маъмурии шаҳр таъмиру тармим ҷараён дорад.
Тибқи иттилои масъулини ҳукумати шаҳри Норак, аз ҳисоби маблағҳои маҳаллӣ то ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ 1,5 километр роҳҳо пурра мумфарш карда мешаванд. Ҳоло дар майдони марказии шаҳр Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҷассамаи асосгузори давлати Сомониён Исмоили Сомониро бунёд намуда истодаанд. Зеро майдони марказӣ барои баргузор намудани чорабиниҳои сатҳи баланди давлатӣ мувофиқат менамояд ва макони сайру гашти насли ҷавон ба ҳисоб меравад.
Инчунин баҳри ободонӣ дар маркази шаҳр гулгаштҳои рангоранг бунёд гардида, зиёда аз бист ҳазор бех гулҳои мавсимӣ ва дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.
Бо мақсади ҷангалпӯш намудани талу теппаҳои атрофи шаҳр то имрӯз дар мавзеи «Ленин» 5500 бех ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинонида шуданд. То рӯзи ҷашн тибқи нақша дар талу теппаҳои атрофи шаҳр 6 ҳазор бех дарахтони сояфкану ороишӣ шинонида мешаванд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






