Ширкати чинии «Синоконст» дар ҳудуди МОИ «Кӯлоб» Маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ месозад
ДУШАНБЕ, 06.03.2019./АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки Ширкати «Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп ИНК (СИНОКОНСТ)»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» Маҷмааи корхонаҳои нассоҷии «Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк»-ро бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар ду марҳила барои коркарди нахи пахта дар шаклҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пурра ба истифода диҳад.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ин масъала дирӯз зимни вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ва ҳайати соҳибкорони чинӣ таҳти роҳбарии менеҷер оид ба масъалаҳои тиҷоратии Ширкати «Чайна Машинари Индастри Констракшн Групп ИНК» Ху Син мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки марҳилаи якум бо маблағгузории 130 млн. ИМА ва марҳилаи дуюм бо маблағгузории 170 млн. доллари ИМА амалӣ мешавад. Дар Маҷмааи корхонаҳои нассоҷии «Сино Тоҷикистон Кӯлоб Текстайл Индастри Парк» дар маҷмӯъ 5500 ҷойи кор, аз ҷумла 3750 ҷойи кори мустақим таъсис дода шуда, тахминан 35 000 тонна нахи пахта дар як сол коркард карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ– саноатикунонии мамлакат тасмим гирифт, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ташкил карда шавад.
Дар айни замон дар мамлакат чор минтақаи озоди иқтисодӣ- «Суғд», «Данғара», «Панҷ» ва «Ишкошим» амал мекунанд. Ҳар кадоми онҳо вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ хусусият ва таъйиноти вижаи худро доранд. Фаъолияти онҳо амалан собит намуд, ки МОИ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ дар асоси технологияҳои инноватсионӣ, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, боло бурдани иқтидори содиротии кишвар ва ташкили ҷойҳои нави корӣ фишанги муассир аст.








Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд






