ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 13 март, чоршанбе, 72-юмин рӯзи соли 2019 аст
13 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе намояндагии Институти фарҳанги Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ифтитоҳ гардид.
***
6 сол пеш, 13 марти соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои таваллуди 1986-1995 ба хизмати ҳарбӣ фармон ба имзо расониданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Протокол ба Протоколи Конвенсия миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ ва андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.
13 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Дар Гренада – Рӯзи табаддулот.
РӮЙДОДҲО:
13 марти соли 2007 хатсайри ҳавойии Урумчӣ–Хуҷанд–Урумчӣ ифтитоҳ гардид.
***
13 марти соли 2013 дар Бӯстонсарои Ҳукумати мамлакат форуми соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия баргузор гардид.
***
13 марти соли 1921 Муғулистон аз Чин истиқлолият ба даст овард.
***
Дар ин рӯзи соли 1938 дар мактабҳои Иттиҳоди Шӯравӣ забони русӣ ҳамчун фанни ҳатмии омӯзишӣ ҷорӣ карда шуд.
***
13 марти соли 1988 дар шаҳри Майамии ИМА барои рақси оммавӣ рекорд гузошта шуд, ки дар як вақт 119 ҳазору 986 нафар рақсиданд.
***
13 марти соли 1974 низоми асъори аврупоӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2016 дар сохти бонкдории Тоҷикистон бонки нав – Бонки байналмилалии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд.
***
Соли 1989 Тори ҷаҳонии анкабут (WWW)- интернет ихтироъ карда шуд.
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.