ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 14 март, панҷшанбе, 73-юмин рӯзи соли 2019 аст

Март 14, 2019 08:00

14 марти соли 2011 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар чорчӯбаи Бизнес–форум бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Карочии Покистон дар меҳмонхонаи «Шератон» таҳти унвони «Боигарии Тоҷикистон» намоиши аксҳо баргузор гардид.

***

5 сол пеш, 14 марти соли 2014 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ба имзо расид.

 ***

Дар ин рӯзи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ТАСС Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфтанд.

 14 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Андорра- Рӯзи Конститутсия.

***

Дар Эстония – Рӯзи забони модарӣ.

 РӮЙДОДҲО:

14 марти соли 2011 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск ҷаласаи

Шӯрои намояндагони  доимӣ ва ваколатдори давлатҳои узви иттиҳод дар назди мақомоти расмӣ ва мақомоти дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

6 сол пеш,  14 марти соли 2013 хадамоти сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи ҳифзи қитъаҳои мураккаби сарҳад протоколи муштарак ба имзо расониданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ доир ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об ва имконоти ҷалби сайёҳон ва сармоягузорони араб брифинг доир намуд.

 ***

128 сол муқаддам, 14 марти соли 1891 Санад дар бораи ҳуқуқи байналмилалии муаллифӣ тасдиқ гардид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1839 зимни суханронӣ дар назди ҳамкорон Ҷон Гершел аввалин маротиба истилоҳи «фотография»-ро истифода бурд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад.

Март 14, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш