ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 29 март, ҷумъа, 88-умин рӯзи соли 2019 аст

Март 29, 2019 08:00

29 марти соли 2010 дар шаҳри Душанбе Сарвазири вақти мамлакат Оқил Оқилов ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷоизаи махсуси Созмони Милали Муттаҳидро «Оид ба ҳадафҳои Рушди ҳазорсола», ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешсафӣ ва ташаббускорӣ дар идораи захираҳои обию энергетикӣ ва дастовардҳои намоён дар татбиқи ҳадафҳои Рушди ҳазорсола таъйин гардидааст, тақдим намуд.

***

9 сол пеш, 29 марти соли 2010 Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Дар бораи даъват намудани иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати чорум ба имзо расид.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва табобати беморони гирифтори нуқсонҳои модарзодӣ ва тарбоди дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015 тасдиқ карда шуд.

 29 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Мадагаскар – Рӯзи хотираи қаҳрамонон.

***

Рӯзи мутахассисони хадамоти ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳи Россия.

РӮЙДОДҲО:

  29 марти соли 1929 Иттифоқи «Тоҷикматлубот» таъсис дода шуд.

***

29 марти соли 1936 Иттифоқи меъморони Тоҷикистон созмон дода шуд.

***

9 сол пеш, 29 марти соли 2010 дар Тоҷикистон Бонки хурди молиявии «Accessbank Tajikistan» таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 2010 Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи атмосфера»-ро баррасӣ намуд.

***

29 марти соли 2011 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон маросими ба истифода додани  навбати 1-уми Лоиҳаи беҳгардонии обтаъминкунӣ баргузор гардид.

***

76 сол муқаддам, 29 марти соли 1943 дар ИМА барои фурӯши гӯшт, равған ва сир меъёр муқаррар карда шуд.

***

29 марти соли 1961 аввалин маротиба сокинони Вашингтон  (ИМА) ҳуқуқи овоздиҳӣ ба даст оварданд

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 2002 хатсайри ҳавойии Душанбе-Кобул-Душанбе ба роҳ монда шуд.

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Март 29, 2019 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 3 ноябр, якшанбе, 308-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 306-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 31 октябр, панҷшанбе, 305-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 октябр, чоршанбе, 304-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 октябр, сешанбе, 303-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 октябр, душанбе, 302-юмин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, якшанбе, 301-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 октябр, ҷумъа, 299-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 октябр, панҷшанбе, 298-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 октябр, чоршанбе, 297-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 октябр, сешанбе, 296-умин рӯзи соли 2024 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 октябр, душанбе, 295-умин рӯзи соли 2024 аст