«ТОҶИКИСТОН БА МАЪНОИ ТОМАШ МАРО АФСУН НАМУД». Дар Намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2019» китоби «Тоҷикистон бо Душанбе, Помир ва кӯҳҳои Фон» муаррифӣ гардид
ДУШАНБЕ, 13.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «ITB Berlin-2019» китоби доктор Дагмар Шрайбер ва Сония Билл таҳти унвони «Тоҷикистон бо Душанбе, Помир ва кӯҳҳои Фон» муаррифӣ ва ба иштирокчиёни намоишгоҳ тақдим карда шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.
Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ «ITB Berlin-2019» аз 6 то 10 марти соли равон дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федералии Олмон баргузор гардид ва дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва Cафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ширкат варзиданд.
Китоби «Тоҷикистон бо Душанбе, Помир ва кӯҳҳои Фон» бо забони олмонӣ нашр шуда, оид ба таъриху фарҳанг, анъанаҳои миллӣ, мавзеъҳои диққатҷалбкунандаи сайёҳии Тоҷикистон маълумот медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки ин нашри сеюми китоби хонум Дагмар Шрайбер мебошад ва дар ин бора ӯ чунин иброз медорад: «Китоби мазкурро ман бо хуни дил навиштам, чун мардумони ин кишвар дар қалби ман ҷой гирифтаанд ва ман ният кардам, ки инро ба тамоми мардуми олам иброз намоям, аниқтараш таассуроти худро ба дигарон низ ато намоям. То ҳол ва ҳамеша «дасти сари қафаси сина»-и мардуми тоҷик пеши назарам ҷилвагар аст, ки зимни боздид ва шодбошӣ, хоҳ пир бошад ва ё хоҳ ҷавон, изҳор гардида, ба кас «эҳсоси худӣ будан»-ро ато менамояд. Бо ин иброз мегардад, ки «нури дида тоҷи сар ва қадами ту муборак, баргард ва ё боз биё, чун дӯстат медорем».
Хонум Дагмар муҳаббаташ нисбат ба кишвари моро чунин баён медорад: «Тоҷикистон ба маънои томаш маро афсун намуд. Табиати кишвар нотакрор буда, бархурд бо одамони мухталифу табиати гуногун худ саргузаштест фаромӯшношуданӣ. Нафаре ки китоби мазкурро ба даст мегирад, бо эҳтимоли зиёд ният дорад, ба ин кишвар сафар намояд. Дар ин тасмим ман ба шумо тамоми хушиҳоро орзумандам. Орзу дорам, ки шумо шайдои маҳз он самимият гардед, ки ман мубталои он гардидам. Шумо аз манзараҳои афсонавии ин кишвари кӯҳӣ, аз меваҳои шаҳдбори он, аз рангорангии либосҳои бонувон ва аз мусиқии саршори муҳаббату пазмонӣ ва меҳмоннавозии бемисл ба ваҷд хоҳед омад. Инак чор сол боз ман ба ин кишвар зуд-зуд сафар мекунам. Дар сарам аллакай хаёли омодасозии нашри чоруми китоби мазкур ҳамчун ҳадафи ниҳоӣ чарх мезанад. Он рӯзро бесаброна интизорам».
Қобили тазаккур аст, ки ҳамасола намояндагони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон захираҳои бойи табиӣ ва таърихию фарҳангии мамлакатро дар ин майдони бонуфузи байналмилалӣ тарғибу ташвиқ менамоянд.
Имрӯзҳо таваҷҷуҳи воситаҳои ахбори оммаи кишварҳои хориҷӣ низ ба захираҳои сайёҳии Тоҷикистон зиёд гардида, дар шабакаҳои иттилоотии байналмилалӣ ба таври васеъ инъикос ёфта истодааст.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар хориҷи кишвар тавассути воситаҳои ахбори омма ва иштирок дар намоишгоҳҳову дигар чорабиниҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла «ITB Берлин», мавқеи Тоҷикистонро дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пурқувват мегардонад ва ба ин васила теъдоди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар афзоиш ёфта истодаанд.








Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
«Саноатсодиротбонк» ба натиҷаҳои назарраси молиявӣ ноил гардид
Бунёди зеристгоҳи нави барқии 220 кВ дар шаҳри Душанбе ва таҷдиду навсозии НБО «Варзоб-2» баррасӣ гардид
Дастовардҳои миллии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи кишварҳои ИДМ муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико доир мегардад
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст






