Тоҷикистон дар ҷаласаи 3-юми ғайринавбатии роҳбарони мақомоти стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои ИДМ иштирок мекунад
ДУШАНБЕ, 29.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 2 то 3 апрели соли 2019 дар шаҳри Кишиневи Ҷумҳурии Молдова ҷаласаи 3-юми ғайринавбатии роҳбарони мақомоти стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои ИДМ баргузор мегардад, ки Тоҷикистонро дар он сардори Раёсати баҳодиҳии мутобиқати Агентии «Тоҷикстандарт» Раҳмоншо Давлатзода намояндагӣ менамояд.
Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ сардори маркази матбуоти Агентии «Тоҷикстандарт» Мурод АШӮРОВ иттилоъ дод, дар кори ҷаласа намояндагони мақомоти марбутаи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Россия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Украина, Раёсати Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Бюро оид ба стандартҳои Шӯрои байнидавлатӣ (ШБД) оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия иштирок менамоянд.
Ба иттилои номбурда, дар назар аст, ки дар ҷаласа ҳисоботи раиси Шӯро шунида шуда, як қатор масъалаҳо, аз ҷумла иҷрои қарорҳои ҷаласаҳои Шӯрои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия, гурӯҳҳои корӣ, Созишнома дар бораи монеаҳои техникӣ дар савдои байни давлатҳои аъзои ИДМ, гузаронидани баҳодиҳии мутобиқат ҳангоми воридоту содирот намудани молу маҳсулот, натиҷаи ҷаласаҳои кумитаҳои илмӣ-техникӣ доир ба баҳодиҳии мутобиқат, стандартизатсия, метрология, аккредитатсия, инчунин гурӯҳҳои корӣ оид ба бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо, эътирофи натиҷаҳои аккредитатсияи мақомоти баҳодиҳии мутобиқат, пешниҳоди тағйирот дар сохтори ШБД, тағйирот дар тартиби баргузории ҷаласаҳои ШБД мавриди таҳлил қарор дода шаванд.
Ҳамзамон дар ҷаласа қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ доир ба гузаронидани озмуни «Дарёфти мукофоти ИДМ дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ» дар соли 2019 ва баррасии ҳуҷҷатҳои дар ин самт пешниҳодгардида аз давлатҳои ИДМ ба муҳокимаи аъзоён гузошта мешавад.
Бино ба маълумоти Мурод Ашӯров, аз ҷониби Агентии «Тоҷикстандарт» барои дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ дар қатори корхонаҳои истеҳсолии давлатҳои аъзои ИДМ ду корхонаи ватанӣ- ҶДММ КМ «Силкоат бойя» аз шаҳри Хуҷанд ва ҶДММ «Ваҳдат» аз ноҳияи Ёвон барои иштирок дар озмуни мазкур пешбарӣ шудаанд.
Боя зикр намуд, ки «Силкоат бойя» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷойгир буда, ба истеҳсоли маҳсулоти рангҳои сохтмонӣ ва масолеҳи хушки сохтмонӣ машғул мебошад. Самти фаъолияти «Ваҳдат» ба истеҳсоли маҳсулоти нассоҷӣ нигаронида шуда, маҳсулоти корхона ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба давлатҳои аъзои ИДМ содир карда мешавад.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа намояндагони мақомоти минтақавии соҳавӣ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба такмил додани ҳамкорӣ изҳор намоянд. Аз ҷумла, ҷиҳати таҳия ва қабули стандартҳои нав ва дастрас намудани онҳо ба аъзоёни Шӯрои байнидавлатӣ ва масъалаи таҷдиди нақшаи кории Шӯрои байнидавлатӣ ва таҳияи Стратегияи рушди Шӯро дар давраи то соли 2030 баррасӣ мешавад.
Дар айни замон, бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ дар самти баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти содиротӣ ва рақобатпазир гардонидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ аз тарафи Агентӣ дар доираи ҳамкорӣ бо давлатҳои аъзои Шӯрои байнидавлатӣ якчанд тадбирҳо, аз ҷумла ҷиҳати аз байн бурдани монеаҳои техникӣ дар савдо идома дода шуда истодааст ва ин ба корхонаҳои ватанӣ барои истеҳсоли молу маҳсулоти босифату рақобатпазир ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳамкорӣ дар ин самт барои бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо, рушди соҳаи стандартонӣ ва ҳамоҳангсозии стандартҳои байнидавлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти содиротии рақобатпазир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон замина мегузорад.








Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Шри-Ланка мулоқот намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири барқ, об ва энергияи таҷдидпазири Кувайт мулоқот кард
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» дар Тоҷикистон дар расонаҳои иттилотии Аморот инъикос ёфт
Моҳи майи соли 2027 дар Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба оғози Даҳсолаи таҳкими сулҳ баргузор мешавад
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии энергетикаи Покистон мулоқот намуд
Рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи маориф баррасӣ шуд
Шараф Шерализода бо ҳамраисони иҷроия ва аъзои Шурои директорони Палатаи муштараки савдои Швейтсария мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар ҷаласаи 32-юми Шурои IRENA иштирок намуд
Дар Женева чорабинии сатҳи баланд дар мавзуи «Сулҳи устувор дар Осиёи Марказӣ: сабақҳо аз Эъломияи дӯстии абадии Хуҷанд» доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико бо тоҷикони Канада мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Арабистони Саудӣ мулоқот намуд






