Қурбон Ҳакимзода: «Ҷиҳати бунёди иншоот бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ мебояд ба соҳибкорон ва сармоягузорон бештар такя намуд»

Март 1, 2019 16:43

БОХТАР, 01.03.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дар  ноҳияи  Ёвони вилояти  Хатлон  сохтмони  341  адад иншоот  дар  доираи омодагиҳо  ба  ҷашни 30-солагии  Истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон    ба  нақша  гирифта  шудааст.  Дар  ин  бора  зимни вохӯрӣ  бо  фаъолони  ноҳияи Ёвон  раиси  вилояти Хатлон  Қурбон Ҳакимзода    изҳори назар намуд. 

«Давоми се  соли оянда  сохтмони  иншооти таълимӣ,  фарҳангӣ, истеҳсолӣ ва роҳҳо  ба  нақша  гирифта  шудааст.  Дар  ин  самт мебояд  бештар  такя  ба  соҳибкорон  ва сармоягузорон    намуда,   барои амалӣ  гаштани лоиҳаҳо  мусоидат  бояд  кард»,-таъкид  намуд Қ. Ҳакимзода.

Дар  ҷараёни мулоқот ҳамзамон зикр гардид,  ки  бунёди иншооти хизматрасонӣ,  тиббӣ  ва  истеҳсолиро   бояд дар  деҳот бештар кард.  «Ин  барои таъсиси  ҷойҳои нави  корӣ ва бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ мусоидат мекунад»,-иброз дошт  раиси вилояти  Хатлон.

Дар доираи сафари  корӣ ба  ноҳияи  Ёвон раиси  вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода    бо  ҷараёни  корҳои сохтмони  иншооти  ба истиқболи ҷашн бунёдшаванда  шинос  гардида,  бо  собиқадорони меҳнат ва  фаъолон суҳбат намуд.

Март 1, 2019 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард