Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 15.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. 13 ва 14 марти соли 2019 дар ҳошияи Форуми VII байналмилалии Боку, ки ҳамасола бо ташаббуси Маркази байналмилалии Низомии Ганҷавӣ баргузор мегардад, мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Озарбойҷон оид ба ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ Шоҳин Мустафоев сурат гирифт. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Озарбойҷон хабар доданд.
Зимни мулоқот, ки бо ҷалби коршиносони соҳавии ҷониби Озарбойҷон баргузор гардид, маҷмӯи ҳамкории дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифт. Таваҷҷуҳи асосӣ ба мавзӯи афзоиш додани ҳамлу нақли транзитии борҳои Тоҷикистон тавассути Озарбойҷон равона гардид.
Ҷониби Озарбойҷон омодагии худро ҷиҳати баррасии масъалаи фароҳам овардани шароити беҳтар барои интиқолгарони Тоҷикистон, хусусан бо пешниҳоди тарофаҳои муносиби нақлиётиву транзитӣ барои интиқоли борҳо бо роҳҳои заминӣ, оҳан ва баҳрии он кишвар изҳор намуд.








БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии сохтмонии «TajBUILD-2026» ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар самти омода намудани мутахассисони соҳаи саноат густариш медиҳанд
Ҳайати Тоҷикистон бо намояндагони ЮНИСЕФ ва БИР дар доираи Саммити ҷаҳонии зеҳни сунъӣ ва рақамӣ мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Бонки Осиёии Рушд ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон созишномаҳои грантӣ ба имзо расонид
КОДЕКСИ ЭКОЛОГӢ. Ин санад бо мақсади истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист қабул гардид
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии лимӯ идома дорад
Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд






