ВМКБ: Раёсати «Тоҷикстандарт» дар ду моҳ 320 нафар соҳибкорро ба маблағи 73 ҳазор сомонӣ ҷарима баст

Март 15, 2019 15:35

ХОРУҒ, 15.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон давоми ду моҳ 1461 кг маҳсулоти   хӯрокворӣ ва 2 ҳазор шиша нӯшокиҳои спиртии ғайристандартиро аз муомилот  берун намуда,  320 нафар соҳибкори инфиродиро  ба маблағи беш аз 73 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.

Мудири озмоишгоҳи маҳсулоти хӯроквории раёсати мазкур  Ҷамила Маликова гуфт, ки дар рӯзҳои иди Наврӯз талабот ба маҳсулоти хӯрокворӣ бамаротиб афзоиш меёбад. Баъзе аз фурӯшандагон бо истифода аз ин фурсат маҳсулоти муҳлаташ гузаштаро ба харидорон пешкаш мекунанд. Дар ҳоле ки Қонуни Чумхури Тоҷикистон «Дар бораи  ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба ҳар як харидор  ҳуқуқ додааст, ки  дар бораи сифат, бехатарӣ,  муҳлат ва  дигар нуқсонҳои молу маҳсулот маълумот талаб кунанд, аммо на ҳамаи харидорон аз ин ҳуқуқи худ истифода мебаранд. Бинобар ин раёсати «Тоҷикстандарт» бо мақсади роҳ надодан ба воридшавии  маҳсулоти пастсифат ба дастурхони наврӯзии сокинони вилоят дар фурӯшгоҳҳо санҷиши навбатӣ ба роҳ монд.

Кормандони Раёсати «Тоҷикстандарт» зимни санҷиш ҳамчунин аз фурӯшандагону харидорон даъват намуданд, ки дар иҷрои вазифаву уҳдадориҳои худ масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон таҷлил карда мешавад. Таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон нишони он аст, ки  дар шинохт ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон қадамҳои боэътимод гузошта мешаванд. Дар Тоҷикистон ин масъала зери назорати қатъии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Март 15, 2019 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд