Боксчиёни шинохтаи тоҷик дар Чемпионати Осиё иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 10.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс дар Чемпионати Осиё миёни мардон ва бонувон, ки аз 17 то 27 апрел дар шаҳри Бангкоки Тайланд доир мегардад, иштирок менамояд.
Дар ин бора корманди Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Умаралӣ Сафаралӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон хабар дод.
Зикр шуд, ки бори аввал аст, ки чемпионат миёни мардону бонувон дар як вақт ва дар як ҷой баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати зерин ба Чемпионати Осиё оид ба бокс сафарбар мегарданд:
Мардҳо
48кг – Шермуҳаммад Рустамов
60кг – Сомон Ҳабибов
64кг – Баҳодур Усмонов
75кг – Мирзомуҳаммади Бахтиёр
81кг – Шаббос Негматуллоев
+91кг – Сиёвуш Зуҳуров
Бонувон
48кг – Сумайя Қосимова
57кг – Миҷгона Самадова
60кг – Шоира Зулқайнарова
64кг – Идимоҳ Холова
69кг – Нилуфар Бобоёрова
Менеҷер – Комрон Файзов
Сармураббӣ – Парвиз Ахмедов
Мураббӣ – Амирхон Муродов
Мураббӣ – Баҳром Усмонов
Мураббӣ – Аббос Негматуллоев
Ёдовар мешавем, ки дар доираи чемпионат 17 апрел ҷаласаи Ассамблеяи генералии Конфедератсияи бокси Осиё баргузор мешавад.
Ба иттилои манбаъ, тибқи муқаррароти нави Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (AIBA) акнун варзишгарон мисли солҳои пеш дар чемпионатҳои қитъавӣ ба чемпионати ҷаҳон роҳхат намегиранд, вале соҳиби холҳои рейтингӣ мешаванд. Варзишгарон дар чемпионати ҷаҳон мустақим ширкат менамоянд.








Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод






