БОЗ «ПАРАСТУ» МЕОЯД! Бо мақсади рушди драматургияи миллӣ ва санъати театрӣ Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ баргузор мегардад

Апрель 8, 2019 08:46

ДУШАНБЕ, 8.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 80–солагии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов   ва аз 15 то 22 апрели соли равон Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» баргузор мегардад. 

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ифтитоҳи ботантанаи фестивал 15 апрел, соати 9:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар фестивали мазкур 18 театрҳои касбии мамлакат намоишҳои худро, ки тӯли ду соли охир саҳнавӣ гардидаанд, ба маърази тамошобинон ва ҳакамони озмун пешниҳод мекунанд.

Инчунин дар доираи ҷашнвора баргузории ду суҳбати «мизи мудаввар» – яке дар мавзӯи «Маҳмудҷон Воҳидов – арбоби барҷастаи санъати касбии тоҷик» ва дигаре «Вазъи кунунии театрҳои Тоҷикистон» дар назар аст.

Бояд зикр кард, ки даромад ба ҳамаи намоишҳо ройгон аст.

Апрель 8, 2019 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад