«Чангу хок дар Осиёи Марказӣ»- таҳти ин унвон дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ оғоз гардид

Апрель 8, 2019 15:23

ДУШАНБЕ,08.04.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Субҳи имрӯз дар толори Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Институти физикаву техникаи ба номи С. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конференсияи байналмилалии илмӣ таҳти унвони «Чангу хок дар Осиёи Марказӣ» оғоз гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конференсия олимони дохилӣ ва ҳудуди 50 нафар аз 17 кишвари дунё иштирок намуданд.

Конференсияро президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфт. Сипас, номбурда иқрор кард, ки конференсияи мазкур бинобар таҳқиқи олимони дохилию хориҷӣ ҷиҳати боридани чангу хок дар кишвар барои тамоми башарият муҳим мебошад. Айни замон, ки инсоният дар пешорӯи мушкилоти глобалӣ қарор дорад, яке аз чунин мушкилиҳо тағйирёбии иқлим маҳсуб мешавад.

«Азбаски мо дар минтақаи кӯҳистон қарор дорем, бештари чангу ғубор, ки аз биёбони Сахара аз як ҷониб ва аз сӯи дигар аз ҳудуди Туркманистон маншаъ мегиранд, дар кишвари мо ҷамъ шуда, ба саломатии аҳолӣ зарар меоваранд»,- иброз намуд Ф.Раҳимӣ.

Бояд зикр намуд, ки дар ин ҳамоиши байналмилалии илмӣ, ки панҷ рӯз- то  12 апрели соли равон идома меёбад, масоили марбут ба паҳншавии чангу ғубор ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи он ҷиҳати рафъи боридани чангу хок баррасӣ мешаванд.

Апрель 8, 2019 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад
Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд