Дар доираи «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасон» дар Хуҷанд аввалин китобхонаи шаҳрӣ ифтитоҳ гардид

Апрель 9, 2019 10:17

ХУҶАНД, 9.04.2019. /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи таҷлили ҳафтаи китоб 8 апрел дар маркази вилояти Суғд бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар заминаи баргузории барномаҳои мухталифи фарҳангиву иттилотӣ ва маърифатӣ дар маҳаллаи «Ваҳдат»-и соҳили рости шаҳр Маҷмааи фарҳангӣ-маърифатӣ, иборат аз китобхонаи шаҳрӣ, мактаби бачагонаи мусиқӣ, Академияи таомҳо ва кинотеатр мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора хабарнигори АМИТ Ховар Абдуаҳад Шарифзода аз шаҳри Хуҷанд иттилоъ медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 2 то 9 апрел дар саросари кишвар «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» баргузор мегардад. Дар ин замина дар шаҳру навоҳии мамлакат Фестивали анъанавии ҷумҳуриявӣ ва барномаҳои гуногуни фарҳангӣ гузаронида мешаванд.

Тавре шаҳрдори Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни ифтитоҳи Маҷмаа, аз ҷумла аввалин китобхонаи шаҳрӣ зикр дошт, амали мазкур дар доираи бунёди иншооти ҷашнӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ рӯи кор омада, ҳадаф аз таъсиси он ҷалби шумораи ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба мутолиаи китоб ва афзудани маданият ва фарҳанги китобдорӣ мебошад. Китобхона дорои беш аз 112 ҳазор китоб, шуъбаҳои феҳрист, хизматрасонӣ, толори васеи хониш барои 40 ҷойи нишаст буда, минбаъд он 7 филиали китобхонаҳои минтақаҳои гуногуни шаҳрро муттаҳид месозад.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар бинои Маҷмаа мактаби мусиқии бачагона бо фарогирии 18 маҳфил, иборат аз синфхонаҳои танбӯр, овозхонӣ, рақс, санъати мусиқӣ, назарияи мусиқӣ, рубоб, ғиҷҷак, фортепиано, доира, чанг, ҳунарҳои мардумӣ, инчунин Академияи таомҳои миллӣ ва толори кинотеатр иборат аз 60 ҷойи нишаст ҷойгиранд.

Апрель 9, 2019 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид