Дар Душанбе ҷаласаи навбатии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатӣ баргузор гардид

Апрель 8, 2019 13:10

ДУШАНБЕ, 08.04.2019 /АМИТ «Ховар»/. Аз 4 то 6 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Жаниш Разақов  ҷаласаи навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои давом додани кашидани гузариши хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда, оид ба ивази эҳтимолии қитъаҳои замин байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо мақсади баратараф кардани реза-қитъаҳо ва порча-қитъаҳо, инчунин таъмини амну субот дар Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ва ба анҷом расонидани харитаҳои бузурги делимитатсионии топографии миқёси 1:10 000 Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протокол ба имзо расонида шуд.

Вохӯрӣ дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати дар асоси манфиати мутақобила ба анҷом расонидани муайянсозии хати Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки кафили субот ва ҳамсоягарии нек дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мегардад, баён намуданд.

Апрель 8, 2019 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд