Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондои ҷаҳонӣ доир мешавад

Апрель 23, 2019 10:35

ДУШАНБЕ, 23.04.2019. /АМИТ «Ховар»/. Аз  26  то 28 апрел дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба таэквондои ҷаҳонӣ – «Tajikistan Open Taekwondo WT» баргузор мешавад.

Тавре раиси Федератсияи таэквондо WT-и Тоҷикистон Ҷаҳонзеб Қармишев ба  мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар мусобиқаи мазкур дар баробари дастаҳои Тоҷикистон инчунин иштироки варзишгарон аз кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Россия дар назар аст.

Бояд зикр кард, ки баргузории мусобиқа дар рушди ин намуди олимпии варзиш дар кишвар мусоидат карда, варзишгарони мо таҷрибаи хуби мусобиқоти сатҳи байналмилалиро меомӯзанд.

Апрель 23, 2019 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод